Маркази матбуот Хабарҳо (Page 3)

Хабарҳо

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр маҳз тавассути рамзҳои давлатӣ, бахусус Парчами давлатӣ муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳо рамзҳои истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд. Мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Зеро маҳз
Санаи 24 ноябри соли 2025, дар суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ифтихори иди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур, Раиси суд, муовини Раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Парчам дар самти сиёсат ва давлатдории ҳар як давлат нақши муҳимро бозида, мақоми баландро доро мебошад. Парчам яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад. Парчамдории миллати тоҷик таърихи қадима дошта, оиди парчам дар асари безаволи ҳаким Фирдавсӣ – “Шоҳнома” маълумот дода шудааст. Коваи оҳангар пешдомани чармини худро ба сифати Парчам бар зидди ҷаҳолат
Сессияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 16–18 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби вилояти Суғд баргузор гардид, яке аз рӯйдодҳои таърихиву сарнавиштсоз дар таърихи нави давлати тоҷикон ба шумор меравад. Ин иҷлосия дар давраи бисёр душвору буҳронӣ барои мамлакат баргузор шуда, нақши ҳалкунанда дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пойдории давлати тоҷикон
Имрӯз, 1 ноябри соли 2025 дар суди ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ раиси суди ноҳия М.Бурҳониён ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат буда, он Истиқлолияти
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 октябр бо эҳтиром ва қадрдонӣ аз заҳмати масъулину ҳомии адолат — иди касбии кормандони мақомоти судӣ таҷлил мегардад. Ин рӯз барои ҳамаи онҳое, ки дар таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва татбиқи қонуният саҳми арзанда доранд, рӯзи ифтихору шукргузорӣ мебошад. Судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ дар ҷомеа нақши
Рӯзҳои 14-15 октябри соли 2025 намояндагони ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Суди Олӣ, муҳтарам Мирзозода Р.П., раиси суди ноҳияи Ёвон Камолзода С.И. ва раиси суди шаҳри Конибодом Ҷабборзода Ф.С. дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар форуми байналмиллалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини дунё, шево, равон, ғанӣ ва шоирона аст. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо ташаббуси неку созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои софу беолоиш нигоҳ доштан ва ҳифзу рушди забон як қатор корҳои судманд амалӣ гашт. Нахустин маротиба соли