Хабарҳо

Санаи 01-уми июни соли 2026 дар Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов  бо иштироки Раиси суд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Зимни маҷлис Раиси суд оид ба масъалаҳои омодагӣ ба ҳисоботи фаъолияти шашмоҳаи суд, корбари намудани судяҳо бо ҷаримаҳои парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва инчунин оиди масъалаҳои марбут ба интизоми меҳнатӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати
Раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов М.Бурҳониён дар чорабинии бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол иштирок намуданд. Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳамасола 25 май таҷлил карда мешавад. Футбол яке аз намудҳои маъруфи варзиш буда, барои таҳкими саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди рӯҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ нақши муҳим дорад. Варзиш, бахусус футбол, гарави саломатии ҷомеа ва воситаи
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳз бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз дурандешии сиёсӣ бо дарназардошти фикру ақидаи мардум ва бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии сокинон, мусоидат барои паст кардани сатҳи
Санаи 15 майи соли 2026 дар бинои бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Ҷаббор Расулов суди сайёр таҳти раисикунанда муовини Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов Хайруллозода С.Х. баргузор гардид. Дар мурофиаи суди сайёр парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста бо моддаҳои 90 ва 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин як қатор парвандаҳои оилавӣ
Ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ      Таърих гувоҳ аст, ки ҳанӯз аз даврони куҳан аксар бадхоҳони миллати тоҷик қасду кӯшишҳои теша ба решаи миллии мо заданро доштанд. Аз ҷумла, ҳеч гоҳе наметавон истилои мақдуниёнро бо сардории Искандар, истилои муғулу дигар аҷнабиёни кӯчманчиро аз хотираи таърих фаромӯш кард. Миллати тоҷик бо сарварии фарзандони бономусаш Деваштичу […]
Санаи 30 апрели соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрии судманд бо иштироки Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов М.Бурҳониён баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, омӯзгорон ва падару модарони хонандагон ширкат варзиданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла шарҳи паёми
Санаи 27-уми апрели соли 2026 дар Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти роҳбарии Раиси суд М.Бурҳониён маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар рафти маҷлис масъалаҳои марбут ба интизоми меҳнат ва сари вақт ба ҷойи кор ҳозир шудани кормандон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ба судяҳо супориш дода шуд, ки парвандаҳоро дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ намоянд. Ҳамзамон, Раиси […]
Р/Т Парвандаҳо Ному насаб ва моҳияти даъво Санаи баррасӣ Раисикунанда 1. Парвандаи ҷиноятӣ Каримов М.К. бо м. 338 қ.2 КҶ ҶТ 29.04.26 судя, Мавлонзода К. 2. Парвандаи ҷиноятӣ Бойматов К.А. бо м.234 қ.1 КҶ ҶТ 29.04.26 судя, Мавлонзода К. 3. Парвандаи ҷиноятӣ Мирзаев Ш.Р. бо м.247 қ.2 бандҳои «а,в» ва қ.3 банди “а” КҶ ҶТ […]
Санаи 18 апрели соли 2026 бо иштироки Раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи Ҷаббор Расулов шанбегӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни шанбегӣ саҳни бино, роҳравҳо ва гирду атрофи муассиса тоза карда шуда, корҳои ободонӣ анҷом дода шуданд. Ҳамзамон дарахтони ҳудуди суд сафед карда