Маҷлиси корӣ

Санаи 27-уми апрели соли 2026 дар Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти роҳбарии Раиси суд М.Бурҳониён маҷлиси корӣ баргузор гардид.

Дар рафти маҷлис масъалаҳои марбут ба интизоми меҳнат ва сари вақт ба ҷойи кор ҳозир шудани кормандон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ба судяҳо супориш дода шуд, ки парвандаҳоро дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ намоянд.

Ҳамзамон, Раиси суд таъкид намуданд, ки пас аз ворид гардидани шикоятҳо нисбат ба санадҳои судӣ, парвандаҳо бояд сари вақт ба марҳилаи кассатсионӣ ирсол карда шаванд.

Зимни маҷлис Раиси суд оид ба дигар масъалаҳои муҳими фаъолияти хизматӣ низ изҳори назар намуда, таъкид карданд, ки ҳар як корманд бояд уҳдадориҳои худро бо ҳисси баланди масъулият иҷро намояд.