Иштироки Раиси суд дар чорабинии бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол

Раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов М.Бурҳониён дар чорабинии бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол иштирок намуданд. Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳамасола 25 май таҷлил карда мешавад. Футбол яке аз намудҳои маъруфи варзиш буда, барои таҳкими саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди рӯҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ нақши муҳим дорад. Варзиш, бахусус футбол, гарави саломатии ҷомеа ва воситаи муҳими ҷалби ҷавонон ба ҳаёти солиму фаъол ба ҳисоб меравад.