Гузаронидани мурофиаи суди сайёр

Санаи 15 майи соли 2026 дар бинои бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Ҷаббор Расулов суди сайёр таҳти раисикунанда муовини Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов Хайруллозода С.Х. баргузор гардид. Дар мурофиаи суди сайёр парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста бо моддаҳои 90 ва 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин як қатор парвандаҳои оилавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни баргузории суди сайёр мазмун ва муҳтавои моддаи 90 кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак, инчунин талаботи моддаи 481 кодекси мазкур дар бораи танзими ҷашну маросим, ба иштирокчиён шарҳ дода шуд. Ҳамзамон вобаста ба парвандаҳои оилавӣ, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Инчунин ба иштирокчиён таъкид карда шуд, ки риояи қонун, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, назорати доимии онҳо, пешгирии амалҳои номатлуб миёни наврасон ва ҳамзамон риоя намудани талаботи қонун ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки вайрон намудани талаботи қонунгузории мазкур боиси ҷавобгари гардида, нисбати чунин шахсон чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.