РИОЯИ ҚОНУН — БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳз бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз дурандешии сиёсӣ бо дарназардошти фикру ақидаи мардум ва бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии сокинон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида метавонад, қабул гардидааст.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз нодиртарин қонунҳо дар даврони Истиқлоли кишвар ба шумор меравад.

Моҳият ва мафҳуми меъёрҳои Қонуни мазкур ҳамарӯза аз ҷониби олимон, иқтисодчиён, уламои дин ва шахсони рӯзгордидаву қишри фаъоли ҷомеа тариқи тамоми воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизион ва радио, матбуоти даврӣ, инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ фаҳмонида дода шуда, шаҳрвандонро барои риоя намудани он ва бо ин роҳ гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ ташвиқ мекунанд.

Аммо дар ҷомеа одамоне вомехӯранд, ки барои худнамоишдиҳӣ ва таассубкорӣ талаботи қонунро сарфи назар намуда, боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мешаванд.

Шаҳрванд И.Қ.А., сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар манзили истиқоматии худ бо иштироки домод ва хешу таборонаш бо омода намудани ду намуд таом ва бо оростани дастурхони идона маъракаи домодталбони духтарашро баргузор намуда, бо ин кирдораш талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вайрон намуда, ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар қисми 3 моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудааст.

Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арӯс ва маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ мебошанд.

Парванда моҳиятан баррасӣ гардида, дар асоси қарори суд нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда ҷазои ҷарима таъин карда шуд.

Ҳамзамон, ҷиҳати бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидаткунанда, ҳамзамон пурзӯр намудани фаъолияти ташвиқотиву тарғиботӣ, аз ҷумла дар самти фаҳмондадиҳии муҳтавои қонунҳо ба аҳолӣ ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи фаъолони маҳулли зисти ҳуқуқвайронкунанда пешниҳод ирсол гардид.

Аз ин лиҳоз, лозим аст, ки шаҳрвандон талаботи қонунҳои кишварро бечунучаро риоя карда, аз баргузории маъракаҳои бодабдаба ва маросими серхарҷ худдорӣ намоянд, зеро иҷро накардани талаботи Қонун боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегардад.

 

Мавлонзода К.М.,
судяи суди ноҳияи Ҷаббор Расулов