Санаи 30 апрели соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрии судманд бо иштироки Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов М.Бурҳониён баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, омӯзгорон ва падару модарони хонандагон ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла шарҳи паёми Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Қайд гардид, ки ин паём самтҳои асосии рушди давлат, таҳкими қонуният ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро муайян намуда, ҳамчун роҳнамо барои тамоми аҳли ҷомеа хизмат мекунад.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки тарбияи дуруст аз муҳити оила оғоз ёфта, дар муассисаҳои таълимӣ такмил меёбад. Дар ин замина зарур шумурда шуд, ки волидон ва омӯзгорон дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, барои тарбияи насли босавод, ватандӯст ва дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ саҳми назаррас гузоранд.
Инчунин, дар доираи шарҳи паём зикр гардид, ки рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи усулҳои муосири омӯзиш ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аҳамияти хоса дорад.



Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов 