Санаи 05 феврали соли 2026 дар толори Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси суди ноҳияи Ҷ.Расулов Хайруллозода С.Х., судяҳо ва кормандони дастгоҳ маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси корӣ оиди мавзуъҳои «Тақвияти интизоми меҳнатӣ, риояи меъёрҳои ахлоқи судя ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар фаъолияти суд» баргузор гардид.
Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои марбут ба таҳкими интизоми меҳнатӣ, риояи қатъии меъёрҳои ахлоқи касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳ, инчунин тақвияти чораҳои пешгирикунандаи зиддикоррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Қайд гардид, ки риояи интизоми меҳнатӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои хизматӣ, баррасии парвандаҳо дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун ва муносибати эҳтиромона бо муроҷиаткунандагон аз ҷумлаи талаботи асосии фаъолияти суд ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки судяҳо ва кормандони дастгоҳ уҳдадоранд меъёрҳои ахлоқи касбиро қатъиян риоя намуда, бетарафӣ, мустақилият ва одоби муоширатро дар фаъолияти худ таъмин намоянд. Зикр гардид, ки шаъну эътибори мақомоти судӣ аз рафтор ва масъулияти ҳар як корманд вобастагӣ дорад.
Дар самти мубориза бо коррупсия диққати махсус ба зарурати пешгирии бархӯрди манфиатҳо, таъмини шаффофият дар фаъолияти хизматӣ ва риояи талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ равона карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳар гуна амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегарданд.
Дар анҷоми маҷлис ба кормандон ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти касбӣ, инчунин андешидани тадбирҳои зарури ҷиҳати беҳтар намудани сифати корӣ дар суди ноҳияи Ҷ.Расулов дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов 