Паём – роҳнамои ҳаёт

Санаи 16-уми декабри соли 2025 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон чун анъана натиҷаҳои соли сипаришударо ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро барои соли оянда муайян намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои соҳаҳои гуногуни ҷомеа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷиҳати камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он, рушди соҳаҳои мухталиф ибрози назар карда шуд. Яке аз нуқтаҳои муҳимтарини Паём ин эътирофи ташаббусҳои башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, ки боиси ифтихор аст. Чунин ташаббусҳо зиёданд. Яке аз чунин ташаббусҳо ин аст, ки санаи 12 декабри соли 2025 қатъномаи маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 80-уми худ бо иқдоми Тоҷикистон дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” қабул намуд. Ин пешниҳоди арзишманд дар саросари дунё истиқболи гарму самимӣ пайдо кард. Лозим ба ёд оварист, ки бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2024 дар Тоҷикистон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардида буд. Ҳадафи аслии ин ташаббуси байналмилалӣ боло бардоштани сатҳи таълими ҳуқуқӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот дар саросари олам, таҳкими сулҳу субот, таъмини волоияти қонун, сулҳу ваҳдат дар сайёра, риояи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Қабул намудани ин қатънома имконият медиҳад ва шароити мусоид муҳайё меорад, то ки дар ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, кишварҳои ҳамраъй барои таъмини кафолати ҳуқуқи инсон дар ҷаҳони муосир заминаи устувор ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта шавад. Яке аз ҳадафҳои қатъномаи зикргардида пешбурди ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалии таълими ҳуқуқӣ, аз ҷумла фарогирии фанҳои ҳуқуқӣ дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва озмоишгоҳҳои касбӣ, таҳкими дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад. Қатънома имконият медиҳад, ки занон, кӯдакон ва шахсони осебпазир тавонанд ҳуқуқҳои худро беҳтар дарк ва амалӣ намоянд. Қатънома нақши созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди омӯзиши ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳбарии дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббуси навбатиашон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд, эътироф менамояд. Дар Паём ҳамчунин зарурати ислоҳоти минбаъдаи соҳаи суд, ҳуқуқ, такмили қонунгузорӣ, боло бурдани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва тахассусии судяҳо ва кормандони ҳифзи мақомоти ҳуқуқ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт. Дастуру супориш ва нуқтаҳои Паём мо кормандони мақомоти судиро водор месозад, ки барои таъмини волоияти қонун, риояи ҳуқуқи шаҳрвандон, омӯзиши пайваста кӯшиш намоем, ки ҳар як қарори судӣ ифодагари адолат, инсоф ва қонуният бошад.

судяи суди ноҳияи Ҷаббор Расулов Комилзода Мавлуда Ҳалим