Бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз рўзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд, ки ба тавсиб расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 «дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионнӣ дар кишвари мо ба ҳисоб меравад.
Коррупсия мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир буда, он ҳамчун падидаи сиёсӣ-иҷтимоӣ ба тамоми пањлўҳои ҳаёти ҷамиятӣ, идоракунии давлатӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, некуаҳволии мардум, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонад.
Муқовимат бо коррупсия дар шароити имрўза яке аз мақсадҳои муҳими сиёсати амалии Пешвои миллатро ташкил медиҳад. Дар аксар мавридҳо ҳангоми мулоқоту суханрониҳо, ироаи Паёмҳо ва вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа Пешвои муаззами миллат ҷиддият ва муҳимияти ин мушкилотро зикр менамоянд ва тамоми нерўҳои созандаи ҷамъиятӣ ва давлатиро ба ҳалли он даъват месозанд. Дар сиёсати амалии хеш низ чораҳои муҳим дар самтҳо ва соҳаҳои мухталиф баҳри ҳалли мушкилот андешида мешавад.
Омўзиш ва таҳлили вазъи воқеии муқовимат ба коррупсия дар ҳудуди шаҳру навоҳии вилоят, истифодаи таҷрибаи мақомоти марбута, ҷалби васеи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақвияти ҳамкории судманд ва муайянсозии роҳу усулҳои самарабахши муқовимат ба коррупсия яке аз роҳҳои паст кардани шиддати коррупсия мебошад.
Аз натиҷаи таҳқиқотҳои илмӣ ва амалӣ мушоҳида мегардад, ки ҳамаи мақомотҳои давлатӣ то як дараҷа бо коррупсия олуда шуда, ба ҷамият ва ҳатто ба адолати судӣ зарбаи нанговар мезанад.
Бояд тазаккур дод, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои зиддикаррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад.
Аз ин рў зарур мешуморам, ки барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ ва паст кардани шиддати коррупсия, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ зиёд ба роҳ монда шавад, зеро ин амал аз манфиат холӣ набуда, ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа таъсири мусбат расонида, дар сатҳи ҳамкории ҷомеа бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор мебошад.
Шафизода Насим Наби
Пристави судии суди ноҳияи
Ҷаббор Расулови в.Суғд.