Санаи 09-уми июни соли 2026 дар бинои Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти роҳбарии Раиси суд М.Бурҳониён маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни маҷлис Раиси суд оид ба масъалаҳои омодагӣ ба ҳисоботи нимсолаи якуми соли 2026 суханронӣ намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, ба мудири шуъбаи умумии суд Шарифзода И. таъкид гардид, ки ҳангоми таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ тамоми маълумот бояд ба маълумоти воқеӣ, дақиқ ва пешакӣ санҷидашуда асос ёбад. Ҳамчунин ба масъалаҳои сари вақт ва босифат омода намудани ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ диққати махсус дода шуд.
Дар фарҷоми маҷлис Раиси суд судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро барои омодагии ҳамаҷониба ба ҳисоботи нимсолаи якуми соли 2026 ҷалб намуда, ҷиҳати иҷрои босифати вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда дастуру вазифагузориҳои дахлдор доданд.
Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов 