Ҷараёни омӯзиши забони хориҷӣ дар Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо судяҳои навтаъиншуда, ба баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои судӣ, дониши васеи қонунҳои миллӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон ва ба хусус ба забондонии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки донистани забони давлатӣ дар сатҳи баланд ва ба ҳамин сатҳ аз худ намудани ду забони хориҷӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як хизматчии давлатӣ аст.