Санаи 18 апрели соли 2026 бо иштироки Раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи Ҷаббор Расулов шанбегӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни шанбегӣ саҳни бино, роҳравҳо ва гирду атрофи муассиса тоза карда шуда, корҳои ободонӣ анҷом дода шуданд. Ҳамзамон дарахтони ҳудуди суд сафед карда шуданд. Иштирокчиён бо рӯҳияи баланди ватандӯсти дар корҳои тозагӣ ва ободонӣ фаъолона саҳми худро гузошта ва барои боз ҳам зебо ва назаррабо гардидани муҳити атроф кӯшиш намуданд. Баргузории чунин тадбирҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, баҳри ободии диёр саҳми арзанда мегузорад.


Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов 