Санаи 02.04.2026 сол дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов маросими ботантанаи гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими мазкур Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов М.Бурҳониён иштирок намуда, зимни баромади худ қайд намуданд, ки мувофиқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳимояи Ватан, ҳифзи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият ва амнияти он — вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Инчунин Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов қайд карданд, ки бо дастгирии роҳбарияти давлат шароити хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ сол ба сол беҳтар гардида истодааст. Дар анҷоми суханронӣ Раиси суд ҷавононро ба хизмати софдилона ба Ватан, ҳушёриву далерӣ ва иҷрои содиқонаи қарзи шаҳрвандӣ ҳидоят намуданд.

Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов 