Санаи 17.02.2026 сол судяи суди ноҳияи Ҷаббор Расулов Комилзода М.Ҳ. дар бинои Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов мурофиаи суди сайёр оид ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Баъди итмоми мурофиаи суди сайёр инчунин ба иштирокчиён мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Қайд гардид, ки дар Паём масъалаҳои ваҳдати миллӣ, субот ва амнияти давлатӣ ҳамчун пояи асосии рушди устувори кишвар таъкид гардида, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва эҳтиром ба қонун вазифаи ҳар як шаҳрванд арзёбӣ шудааст.
Ҳамзамон зикр шуд, ки соли 2026 «Соли вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ» эълон гардида, таваҷҷуҳи махсус ба тарбияи ватандӯстӣ, рушди иқтисод, дастгирии соҳибкорӣ, пешрафти соҳаи маориф, беҳбуди хизматрасонии тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст.
Дар анҷоми мурофиаи суди сайёр ба иштирокчиён тавсия дода шуд, ки бо риояи қонунгузорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҷиҳати таҳкими қонуният, субот ва ободонии маҳал саҳмгузор бошанд.


Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов 