Парчам дар самти сиёсат ва давлатдории ҳар як давлат нақши муҳимро бозида, мақоми баландро доро мебошад. Парчам яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад. Парчамдории миллати тоҷик таърихи қадима дошта, оиди парчам дар асари безаволи ҳаким Фирдавсӣ – “Шоҳнома” маълумот дода шудааст. Коваи оҳангар пешдомани чармини худро ба сифати Парчам бар зидди ҷаҳолат барафрохта буд. Баъди ба даст овардани истиқлолият барои Тоҷикистон ҳамчун рамзи истиқлолият, давлати озоду ҳуқуқбунёд Парчаме лозим буд, ки тамоми суннатҳои аҷдодиро дар бар гирад. Ин масъалаи муҳим дар Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худро ёфт. 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунро “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул кард. Дар ин қонун тамоми масъалаҳои марбут ба муносибат ва тарзи истифодаи Парчам дарҷ гардидааст. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади асоси ҳуқуқӣ бахшидан 3 ноябри соли 2009 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва санаи 19-уми ҳамон сол Парлумони Тоҷикистон онро қабул намуд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақом ва ҷойи ин рамзи муқаддаси миллат ва давлат возеҳ ва равшан дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ муайян карда шудааст. Дар моддаи 3-юми Конститутсия дарҷ гардидааст: “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст”. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои муқаддас ва асосии давлат, яъне нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат мебошанд. Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст муқаддас аст”. Дар тамоми давлатҳои ҷаҳон нисбат ба Парчами давлатӣ садоқату эҳтиром ба ҷо оварда мешавад. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳо ва ҷойҳои махсуси дар қонун пешбинишуда афрохта мешавад. Мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беэҳтиромӣ зоҳир намудан нисбати Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо муқаррар карда шудааст. Эҳтиром намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандӣ барои ҳар як тоҷикистонӣ маҳсуб меёбад.
Мавлуда Комилзода, судяи суди ноҳияи Ҷаббор Расулов
Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов 