МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Имрӯз, 1 ноябри соли 2025 дар суди ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ раиси суди ноҳия М.Бурҳониён ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат буда, он Истиқлолияти давлатии кишварро дар сатҳи Қонуни асосӣ таҳким бахшид.

Конститутсия ҷиҳати таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд асос гузошта, бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид.

Ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан ҳам боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди мамлакат маҳсуб меёбад.

Бешубҳа Конститутсия дастоварди Истиқлолият ва сутуни асосии таҳкимбахшандаи он буда, рӯзи қабули он ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар саҳифаҳои китоби давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Дар ҷамъомади тантанавӣ ҳамчунин муовини раиси суд ва судяҳо доир ба аҳамияти Конститутсия дар рушду таҳкими давлатдории миллӣ ва нақши Конститутсия дар таъмини қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ бо маърӯзаҳо баромад карданд.

Дар интиҳои маҷлис раиси суди ноҳия иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Рӯзи Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба кори маҷлис хотима бахшид.