Маҷлиси корӣ

Санаи 23.02.2026 сол дар суди ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти роҳбарии Раиси суд М.Бурҳониён маҷлиси корӣ баргузор гардид.

Дар рафти маҷлис масъалаҳои интизоми меҳнат ва саривақт ба ҷойи кор ҳозир шудани кормандонро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба судяҳо супориш дода шуд, ки парвандаҳоро саривақт барраси намоянд. Инчунин Раиси суд таъкид намуданд, ки пас аз ворид шудани шикоятҳо ба санадҳои судӣ, парвандаҳо бояд саривақт ба марҳилаи кассатсионӣ ирсол карда шаванд. Зимни маҷлис Раиси суд доир ба дигар масъалаҳои муҳими фаъолияти хизматӣ низ изҳори назар намуда, таъкид карданд, ки ҳар як корманд бояд уҳдадориҳои худро бо ҳисси баланди масъулият иҷро намояд.

Ҳамзамон Раиси суд ҳамаи кормандонро ба муносибати Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо сиҳатмандӣ, сарбаландӣ ва муваффақият дар фаъолияти хизматӣ орзу намуданд.