Маҷлиси корӣ

Санаи 30.03.2026 дар суди ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти роҳбарии Раиси суд М.Бурҳониён маҷлиси корӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои марбут ба риояи интизоми меҳнат, саривақт ба ҷойи кор ҳозир шудани кормандон ва беҳтар намудани фаъолияти хизматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба судяҳо дастур дода шуд, ки баррасии парвандаҳоро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда анҷом диҳанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки баъд аз ворид гардидани шикоятҳо ба санадҳои судӣ, парвандаҳо бояд бетаъхир ба марҳилаи кассатсионӣ ирсол карда шаванд. Раиси суд инчунин қайд намуданд, ки пас аз қабули санадҳои судӣ аз ҷониби судяҳо, назорати иҷроиши онҳо бояд ҳатман саривақт таъмин карда шавад. Дар идомаи маҷлис оид ба дигар самтҳои муҳими фаъолияти хизматӣ низ андешаронӣ гардида, ба кормандон тавсия доданд, ки уҳдадориҳои худро бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба иҷро расонанд.

Дар фарҷом Раиси суд ҳамаи кормандонро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ба онҳо сиҳатмандӣ, хушбахтӣ, рӯзгори обод ва комёбиҳои нав дар фаъолияти хизматӣ орзу намуданд.