АСОСҲОИ УМУМИИ ТАЪИНИ ҶАЗО. ТАЪИНИ ҶАЗОИ ИЛОВАГӢ

Мутобиқи муқаррароти моддаи 46 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо чораи маҷбуркунии давлатие мебошад, ки бо ҳукми суд таъин карда мешавад. Он нисбати шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор эътироф шудааст татбиқ гардида, аз маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шахс, ки дар ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидаанд, иборат мебошад.
Ҷазо ва чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда татбиқ мешавад, бояд одилона бошад, яъне ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят, ҳолатҳои содир намудани он ва шахсияти гунаҳгор мувофиқ бошанд.
Ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав татбиқ мешавад.
Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 60 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста шудааст, дар доираи муқаррарнамудаи моддаи Қисми махсус боназардошти муқаррароти Қисми умумии ҳамин Кодекс ҷазои сазовор таъин карда мешавад.
Таъин намудани ҷазои асоснок ва адолатнок яке аз воситаҳои асосии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, барои барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳшавии маҳкумшуда, пешгирии ҷиноятҳои нав равона карда шудааст. Дар ин хусус қарори махсуси Пленуми Суди Олӣ «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани асосҳои умумии таъини ҷазо» аз 24 феврали соли 2005, № 1 қабул карда шудааст, ки дар он оид ба бисёр масалаҳои таъини ҷазои ҷиноятӣ тавзеҳоти мушаххас дода шудааст.
Яке аз асосҳои таъин кардани ҷазо — сазовор, яъне, одилона будани он аст. Яъне, ҷазо бояд ба хусусияту дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии кирдор, ҳолатҳои содир намудани он ва шахсияти гунаҳгор мувофиқ бошад ва ҳамчунин, ҷазо бояд бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ки дар натиҷаи ҷиноят халалдор шудааст, таъин карда шавад.
Таъин намудани ҷазо дар доираи муқаррарнамудаи моддаи Қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ чунин маъно дорад, ки суд ҳангоми таъин намудани ҷазо аз ҳадди муқаррарнамудаи санксияи моддаи Кодекси ҷиноятӣ, ки ҷавобгариро барои содир намудани ҷинояти мушаххас пешбинӣ намудааст, берун намебарояд. Яъне, суд ҳуқуқ дорад танҳо он намуди ҷазоро, ки дар санксияи моддаи Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, таъин намояд; суд вазифадор аст ҷазоро дар ҳадди санксияи поёнӣ ва болоии пешбинишуда таъин намояд; агар дар санксияи моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҳадди поёнии ҷазо пешбинӣ нашуда бошад, он гоҳ, суд вазифадор аст аз ҳадди поёнии ин намуди ҷазо, ки дар Қисми умумии Кодекси ҷиноятӣ муқаррар шудааст, истифода барад.
Таъин намудани ҷазо бо назардошти муқаррароти Қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ чунин маъно дорад, ки ҳангоми таъини ҷазо принсипҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ, амали қонуни ҷиноятӣ дар замону макон, ҷинояти нотамом, шарикӣ дар ҷиноят, мақсад ва намудҳои ҷазо, таъини ҷазо, хусусиятҳои ҷавобгарӣ ва ҷазои ноболиғон ба назар гирифта мешавад.
Бештари санксияҳои моддаҳои қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ ҷазоҳои алтернативиро пешббинӣ намудаанд. Аз ин лиҳоз, қонунгузор муқаррар намудааст, ки ҷазои нисбатан сахттар танҳо дар ҳолате таъин карда мешавад, ки намуди ҷазои нисбатан сабуктар ноил шудан ба мақсади ҷазоро таъмин карда натавонад.
Банди 5 қарори Пленуми Суди Олӣ «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани асосҳои умумии таъини ҷазо» аз 24 феврали соли 2005, № 1 муқаррар намудааст, ки суд бояд имкониятҳои бо қонун пешниҳодшударо оид ба таъин намудани ҷазоҳое, ки бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд нестанд ва имконияти ислоҳ шудани шахсони гунаҳгор бе ҷудо кардан аз ҷамъият вуҷуд дорад, васеъ истифода баранд. Яъне, агар санксияи моддаи дахлдори қонуни ҷиноятӣ дар баробари ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ҷазоҳои нисбатан сабуктарро пешбинӣ намояд, ҳангоми қабули ҳукм бояд масъалаи таъини ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда, аз ҷумла, корҳои ҳатмӣ, ҷарима, корҳои ислоҳӣ ва ба монанди онҳо муҳокима карда шавад. Дар ин маврид ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, аз ҷумла, ба мӯҳлатҳои кӯтоҳ дар ҳолате бояд таъин карда шавад, ки агар бо назардошти ҳолатҳои мушаххаси кор ва шахсияти гунаҳгор суд ба хулоса ояд, ки таъин намудани дигар намуди ҷазо имконнопазир мебошад. Дар ин ҳолат, таъин намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бояд дар ҳукм асоснок карда шавад.
Қисми 3 моддаи 60 Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст, ки ҳангоми таъини ҷазо суд принсипи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, инчунин, аз рӯи парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ фикру ақидаи ҷабрдидаро ба назар мегирад.
Хусусияти ба ҷамъият хавфнокии ҷинояти содиршуда, пеш аз ҳама, вобаста ба арзиши объекти таҷовуз муайян карда мешавад. Аз рӯи хусусияти ба ҷамъият хавфнокӣ, ҳамчун категорияи сифатии ҷиноят, масалан, одамкушӣ, аз расонидани зарар ба саломатӣ, аз дуздӣ, аз авбошӣ ва аз намудҳои дигар ҷиноятҳо вобаста ба объекти таҷовуз фарқ мекунад.
Дараҷаи ба ҷамъият хавфнокӣ аз вазнинии ҷиноят вобаста буда, он тавсифи миқдории кирдори ҷиноятии ҳамон як ҷиноят мебошад. Ҷиноятҳои вобаста ба хусусияти ба ҷамъият хавфнокиашон якхела мумкин аст, аз рӯи дараҷаи ба ҷамъият хавфнокиашон фарқ кунанд. Дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии ҷиноят аз андоза ва хусусияти зарар, аз шакли гуноҳ, мақсад ва ангеза, тарзи содир намудани ҷиноят ва ғайра вобастагӣ дорад.
Ба сифати принсипи дигари фардикунонии ҷазо шахсияти гунаҳгор баромад мекунад. Суд ҳангоми таъини ҷазо шахсияти гунаҳгорро ба инобат гирад. Ба тавсифи шахсияти гунаҳгор аломатҳои иҷтимоӣ, рӯҳӣ, ҷисмонӣ ва ғайра дохил мешаванд. Пеш аз ҳама, бояд рафтори аз ҷиҳати иҷтимоӣ (ҷамъиятӣ) аҳамият доштаи гунаҳгор қабл ва баъди содиршавии ҷиноят ба назар гирифта шавад: муносибат ба меҳнат ва таҳсил; тарзи ҳаёт; рафтор дар оила, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар аломатҳо, ки шахсиятро мусбӣ ё манфӣ арзёбӣ мекунанд.
Ҳангоми таъин намудани ҷазо суд ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазоро, ки дар моддаҳои 61 ва 62 Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ гардидаанд, бояд ба назар гирад. Ин ҳолатҳо аҳамияти дугона доранд. Онҳо метавонанд бевосита ба ҷинояти содиршуда дахл надошта бошанд ва ба бандубасти ҷиноят таъсир нарасонанд. Дар чунин маврид, ин ҳолатҳо ҳамчун ҳолати сабуккунанда ва вазнинкунанда ҳангоми таъини ҷазо ба назар гирифта мешаванд. Аҳамияти дуюми ҳолатҳои мазкур аз он иборат аст, ки онҳо мумкин аст дар диспозитсияи моддаи Қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ нишон дода шуда бошанд. Дар ин маврид, онҳо ҳамчун аломатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи таркиби ҷиноят баромад намуда, ҳангоми бандубасти кирдори гунаҳкор ба назар гирифта мешаванд. Лекин, ҳангоми таъини ҷазо онҳо такроран ба ин сифат ба назар гирифта намешаванд.
Моддаи 48 Кодекси ҷиноятӣ ҷазоҳои асосӣ ва иловагиро муайян ва ба низом даровардааст.
Тибқи талаботи қисми 2 моддаи мазкур ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, ҳам ба сифати ҷазоҳои асосӣ ва ҳам иловагӣ татбиқ мешаванд.
Қисми 3 ҳамин модда муқаррар намудааст, ки маҳрум кардан аз рутбаи махсус, ҳарбӣ, рутбаи дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ, инчунин мусодираи молу мулк танҳо ба сифати ҷазои иловагӣ истифода мешаванд.
Ҳамзамон, вобаста ба асосҳои таъини ҷазоҳои иловагӣ қарори Пленуми Суди Олӣ, таҳти №11 аз 29 майи соли 2003 “Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо таъин намудани ҷазоҳои иловагӣ” қабул шудааст.
Қарори мазкури Пленум муайян намудааст, ки ҳангоми интихоби намуд ва андозаи ҷазои иловагӣ барои шахсони гунаҳгор, судҳо бояд асосҳои умумии таъини ҷазоро, ки бо моддаи 60 Кодекси ҷиноятӣ муқаррар гардидааст, ба роҳбарӣ гирифта, шартҳо ва тартиби татбиқи ин чораҳои бо қонун пешбинишударо қатъиян риоя намоянд.
Ҷазоҳои иловагӣ дар доираи моддаҳои дахлдори қонуни ҷиноятӣ, ки бо он судшаванда гунаҳгор эътироф шудааст, таъин карда мешаванд.
Агар санксияи моддаи Кодекси ҷиноятӣ таъини ҳатмии ҷазои иловагиро пешбинӣ намояд, татбиқ накардани он танҳо бо мавҷудияти шартҳои дар моддаи 63 Кодекси ҷиноятӣ пешбинишуда бо ҳатман дар ҳукм нишон додани асосҳои чунин сабуккунӣ ва ишора ба моддаи мазкури қонуни ҷиноятӣ, ҷой дошта метавонад.
Зимнан, таъини ҷазои асосӣ камтар аз ҳадди поёнӣ, ки барои ҷинояти мазкур бо қонун пешбинӣ шудааст ё гузаштан ба ҷазои дигари асосии нисбатан сабуктар, имконияти ба гунаҳгор таъин намудани ҷазои иловагиро истисно намекунад.
Дар ҳолатҳое, ки санксияи моддаи қонуни ҷиноятӣ имконияти татбиқ кардан ё накардани ҷазои иловагиро пешбинӣ менамояд, суд масъалаи мазкурро муҳокима карда, дар ҳукм асосҳои қарори қабулшударо қайд менамояд.
Мутобиқи моддаи 50 Кодекси ҷиноятӣ дар ҳар ҳолати аз тарафи шахс содир шудани ҷинояти марбут ба иҷрои вазифаҳо аз рӯи мансаб ё машғул будан бо фаъолияти муайян, суд вазифадор аст, ки хусусияти ҷинояти содиршударо ба назар гирифта, масъалаи маҳрум кардани судшаванда аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайянро муҳокима намояд. Ҳангоми таъин намудани ин намуди ҷазо дар қисми хулосавии ҳукм бояд вазифа ё намуди фаъолияте, ки ишғол намудани он ё машғул шудан ба он манъ карда мешавад, ба таври мушаххас нишон дода шавад. Аз ҷумла, судшавандаро аз ҳуқуқи фаъолият намудан маҳрум кардан бе муайян намудани доираи вазифаҳое, ки ӯ ишғол намудани онро ҳуқуқ надорад, мумкин нест.
Чӣ тавре банди 15 қарори Пленуми Суди Олӣ, таҳти №11 аз 29 майи соли 2003 “Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо таъин намудани ҷазоҳои иловагӣ” муқаррар намудааст, дар ҳолате, ки аз ҷониби суд ҳангоми таъин намудани ҷазои иловагӣ дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян мансабҳо ё намуди фаъолият аниқ муайян накарда шуда бошанд, суди марҳилаи кассатсионӣ (назоратӣ) ҳуқуқ дорад ба ҳукм ислоҳоти муносибро ворид намояд, агар он ҳолати маҳкумро вазнин насозад. Чунин ислоҳотҳоро ҳуқуқ дорад суде, ки ҳукм баровардааст ба тариқи дар моддаи 400 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ворид намояд.
Мутобиқи моддаи 51 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои иловагӣ дар намуди маҳрум кардан аз рутбаи махсуси ҳарбӣ ё рутбаи дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ бо назардошти шахсияти гунаҳгор ва танҳо дар ҳолати содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин татбиқ карда мешавад.
Ба шахсе, ки дар содир намудани якчанд ҷиноятҳои бо моддаҳои гуногун ё қисмҳои гуногуни худи ҳамон як моддаи Қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ пешбинишуда гунаҳгор эътироф шудааст, ҷазои иловагӣ мисли ҷазои асосӣ бояд аввал барои ҳар як ҷиноят дар алоҳидагӣ, сипас барои маҷмӯи онҳо таъин карда шавад.
Татбиқ накардани ҷазои иловагӣ ҳангоми мавҷуд набудани шартҳои бо моддаи 63 Кодекси ҷиноятӣ пешбинишуда, вақте ки татбиқи он аз рӯи қонун ҳатмӣ мебошад, дар ҳукм мавҷуд набудани ишора ба мӯҳлате, ки ҷазои иловагӣ дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин шудааст, таъин намудани ҷазои иловагӣ танҳо бо маҷмӯи ҷиноятҳо, инчунин ҳамроҳ накардани ҷазои иловагии адонагардида ( ё қисми он) ба ҷазои барои ҷинояти нав таъиншуда барои бекор кардани ҳукм асос шуда метавонад.

Мавлонзода К.М.,
Судяи суди
ноҳияи Ҷаббор Расулов