МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ

Имрӯз, 23 декабри соли 2025 натиҷаи фаъолияти суди ноҳияи Ҷаббор Расулов дар давоми соли 2025 ҷамъбаст гардид.

Чорабиниро раиси суд М.Бурҳониён оғоз карда, фаъолияти судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияро дар соли 2025 натиҷагирӣ намуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамагӣ 2174 адад парванда ва пешниҳоду дархост ворид гардида, аз ин миқдор 2091 адад мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин давра аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи 225 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 239 адад парвандаҳои маданӣ, 688 адад парвандаҳои оилавӣ, 748 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 126 адад пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷро, инчунин 65 адад дархостҳои мақомоти пешбурди тафтиши пешакӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бояд гуфт, ки аз ин шумора 887 парвандаҳои судӣ дар мурофиаҳои сайёр баррасӣ гардида, ҳамзамон, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, дар маҷмӯъ судяҳо 506 таъиноти хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ирсол намуданд.

Дар соли 2025 бо мақсади ҷамъбасти таҷрибаи судии баррасии категорияи мушаххаси парвандаҳо 7 ҷамъбастӣ гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо ба мақомоти марбута пешниҳодҳои дахлдор ирсол карда шуданд.

Инчунин, бо мақсади амалисозии «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» судяҳои суди ноҳия дар як қатор ҷамоату шаҳракҳо, муассисаҳои таълимӣ ва коллективҳои меҳнатӣ бо шаҳрвандон 192 вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, мазмуну муҳтавои Конститутсия, қонунҳои кишвар, аз ҷумла қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”-ро фаҳмонида, тариқи телевизиону радио 36 маротиба баромаду суҳбатҳо ороста, дар матбуоти даврӣ 38 адад мақолаву хабарҳо интишор намуданд.

Дар идомаи маҷлис судяҳои суди ноҳия бо маърӯзаҳо баромад намуда, аз натиҷаи фаъолияти худ дар соли сипаришаванда ахборот доданд.

Дар интиҳои маҷлис аз ҷониби раиси суд М.Бурҳониён оид ба саривақт баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ, таҳияи санадҳои судии босифат ва супоридани онҳо ба шахсони иштирокчии парванда, бебаррасӣ мондани аризаҳои даъвогӣ, гузаронидани ҷамъбастҳои таҷрибаи судии парвандаҳои категорияи мушаххас, ҳарчӣ тезтар баррасӣ намудани парвандаҳои боқимонда аз давраи ҳисоботӣ, инчунин тақвият бахшидани фаъолият дар самти баргузории маҷлисҳои сайёри судӣ, қабул намудани таъинотҳои хусусии асоснок ва гузаронидани тарғиботу ташвиқот бо баромадҳо дар телевизиону радио, нашри мақолаҳо дар мавзӯъҳои мубрами ҳуқуқӣ дар матбуоти даврӣ ва вохӯрию мулоқотҳо бо шаҳрвандон дастурҳои мушаххас дод.

Ҷараёни назорати иҷрои ҷазои ҷарима мавриди зикри хос қарор гирифта, аз ҷониби раиси суд вобаста ба ин масъала таъкид гардид, ки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ҳамкориро дар ин самт бо иҷрочиёни Хадамоти иҷро тақвият бахшида, таъмини иҷрои супоридани ҷаримаҳоро ба буҷети давлатӣ зери назорати қатъӣ карор диҳанд.

Инчунин, масъалаҳои интизоми меҳнат, риояи навбатдории судяҳо ва котибони маҷлиси судӣ, қабули шаҳрвандон, ҳамчунин саривақт супоридани парвандаҳои баррасигардида ба дафтархонаи суд, пешбурди сомонаи интернетии суд алоҳида таъкид гардида, дар ин хусус дастуру супоришҳои мушаххас дода, ба кори маҷлиси ҷамъбастӣ хотима дода шуд.