Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр маҳз тавассути рамзҳои давлатӣ, бахусус Парчами давлатӣ муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳо рамзҳои истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд.
Мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Зеро маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, нахустин рамзи давлатӣ – Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.
Ранги сурх дар парчами мо – ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодю истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад.
Акси тоҷ дар Парчами миллӣ маънои соҳибдавлатӣ ва анъанаҳои бузурги давлатдории миллӣ ва миллати тамаддунофар будани тоҷиконро ифода мекунад.
Бояд гуфт, ки қабули Парчами миллӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик руҳу тавони тоза бахшида, қувваҳои солими ҷомеаро атрофи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри талош ба сулҳу субот, созандагӣ ва соҳибдавлатӣ муттаҳид намуд.
Дар ҳақиқат боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик баъди асрҳо ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав соҳиби Парчами миллӣ шуда, таҳти роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому мартабаи хос гардид.
Имрӯзҳо Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол болои сари миллати тамаддунофари тоҷик партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияту соҳибдавлатӣ Ватани азизамонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда, дар радифи парчамҳои дигар давлатҳо дар бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ парафшонӣ менамояд.
Мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Ҳукумат, судҳо, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти марказию маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, утоқҳои кории шахсони расмии давлатӣ ва дигар ҷойҳои муайяншуда ба таври доимӣ барафрохта мешавад, ки рамзи мустақилию соҳибдавлатӣ ва соҳибҳокимиятии Тоҷикистон мебошад.
Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистон, рамзи мустақилияти давлат, ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидона ва умед ба фардои ободу осуда буда, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди кишварамон дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда маҳсуб меёбад.
Мавлонзода К.М.,
судяи суди ноҳияи Ҷаббор Расулов
Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов 