Ҳамасола 27-уми июн ҳамчун санаи муқаддас бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Зеро маҳз санаи 27-уми июни соли 1997 ҳуҷҷати сарнавиштсоз-Созишномаи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ ба имзо расид. Ба ин муносибат ҷашн гирифтани ин сана ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ба таври расмӣ доир мегардад. Ии рӯз санаи фаромӯшнопазир, фархунда, дастоварди бузурги таърихи муосири сарзамини мо маҳсуб меёбад. Ба қавли собиқ Муншии Созмони Милали Мутаҳҳид Кофи Аннан «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар арғумон оварданд». Барои ба даст овардани вахдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамонӣ нишон доданд ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори маъруф эътироф гардиданд. Маҳз бо кӯшишу заҳматҳои арзишманди ин шахсияти бузурги таърихӣ тоҷикистониён ба ваҳдати миллӣ мушарраф гардиданд. Ваҳдат якдилӣ, муттаҳидӣ, таҳкими давлатдорӣ, ҳамдилӣ мебошад. Чуноне, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд: «Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузург ва зиёда аз ин, заминаи тамоми таҳаввулоти демократӣ мебошад». Лозим ба ёдоварист, ки баъди ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ дар тамоми соҳаҳо пешравиҳои назаррас амалӣ гаштанд, тарзи давлатдории навин таҳкиму тақвият ёфт, бо такозои давру замон ва сиёсати муосир қонуну санадҳои миллӣ кабул гардиданд. Бо дарназардошти шароити имрӯза ба як қатор қонунҳо тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Рӯз ба рӯз Ватанамон — Тоҷикистони азиз ободу зебо шуда истодааст ва сатҳи зиндагии шаҳрвандон беҳтару хубтар гашта истодааст. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки ба кадри ин неъмати бузург-Ваҳдати миллӣ бирасем, онро эҳтиром кунем ва арҷ гузорем, мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва дар ин самт саҳми арзандаи худро бо ифтихори баланди давлатдорӣ ва ватандӯстӣ гузорем.
ХАЙРУЛЛОЗОДА С.Х.,
Судяи суди ноҳияи Ҷаббор Расулов