Забон –ҳастӣ ва бақои миллат.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини дунё, шево, равон, ғанӣ ва шоирона аст. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо ташаббуси неку созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои софу беолоиш нигоҳ доштан ва ҳифзу рушди забон як қатор корҳои судманд амалӣ гашт. Нахустин маротиба соли 1989 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд ва забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Тули 20  сол қонуни мазкур рисолати худро ба таври шоиста иҷро намуд. Забони давлатӣ ва расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст ва мақоми ҳуқуқии забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳ баён шудааст. Бо дар назардошти рушди бемайлони тамоми ҷомеа ва тақозои давру замон зарурат пеш омад, то як қонуни  мукаммал таҳия ва амалӣ гардад. Аз ин лиҳоз, 5 октябри соли 2009 қонуни нави ҶТ “Дар бораи забони давлати ҶТ” бо тағйиру иловаҳо қабул карда шуд. Барои арҷгузорӣ ба ин муқаддасот 5 октябри соли 2003. Рӯзи забони давлатии ҶТ ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардида, ҳамасола ҳамчун рамзи худшиносӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар бо тантана ба таври расмӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин, бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31 октябри соли 2009 таҳти №604 Кумитаи забон ва ислоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин омил барои  ҳифзу ҳимоя ва рушди забон заминаи хуби ҳуқуқиро фароҳам овард. Тадбири дигари бисёр муҳим дар татбиқи сиёсати давлатӣ ин таҳия ва қабули “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” мебошад, ки 28 ноябри соли 2020 таҳти №647 ба тасвиб расид. Истифодаи забони давлати дар самти ҳуҷҷатнигорӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, қонунгузорӣ ва асноди дигари ҳуқуқиву коргузорӣ, илму фарҳанг, воситаҳои ахбори омма тақозои замони муосир мебошад. Қонун ва барномаҳои зикргардида барои бартараф намудани ҳама гуна мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта таҳия гардида, ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқи амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян намуда, барои рушд, ҳимоя, ташаккули забони илмӣ, истилоҳоти тахассусӣ, маводи таълимӣ, эҳёи номҳои миллӣ, маҳаллаҳои аҳолинишин шароити хуб  ва заминаи устувори ҳуқуқиро фарҳам меоранд. Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафти миллат ва давлат буда, забон оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад”. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки ин муқаддасоти миллӣ, мероси арзишманди ниёгон, рукни давлатдорӣ, омили муҳими пойдории давлату миллатро ҳифзу ҳимоя ва эҳтиром намояд.

Ҷашни бузурги Рӯзи забони давлатии ҶТ мубораку фархунда бод, ҳамдиёрони азиз.

Мавлуда Комилзода, судяи Суди ноҳия.