Дар вохӯрии мазкур вобаста ба Паёми Президенти Чумхурии Точикистон аз санаи 28 декабри соли 2024 ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, инчунин масалаҳои пешгирии чиноятхои характери экстремистидошта, бекоршавии никох, танзими чашну маросимхо, иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба талиму тарбияи кудак, иҷрои саривақтии қарорхои (таъинотхои хусусӣ) судӣ ва ғ. суҳбат гузаронида шуда, ба саволҳои бошандагон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Дар натичаи амалисозии икдомхои Хукумати Точикистон доир ба рушди сохаи энергетика зиёда аз 2000 мегаватт иктидори нав ба кор андохта, хачми истехсоли неруи барк аз 17 миллиард киловатт-соати соли 1991 ба 22,4 миллиард киловатт-соат дар соли 2024 афзоиш дода шуд.
Ҳоло дар Точикистон татбиқи 20 лоихаи сармоягузории давлатӣ дар самти энергетика ба маблаги умумии 1 миллиарду 653 миллион доллар идома дорад, ки 36%-и маблаги умумии лоихахои сармоягузории давлатиро ташкил медиҳад, яъне қисми асосии маблағҳои ҷалбшаванда маҳз ба соҳаи энергетика равона карда шудааст.
ТАЛАФОТИ БАРК
Масъалаи талафоти неруи барк ва истифодаи гайриконунии он дар кишвар ташвишовар мебошад.
Рузи 27 марти соли равон дар мачлиси Хукумати кишвар Асосгузори сулху Вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон дар мачлиси Хукумати ЧТ аз истифодаи гайрисамараноки неруи барк ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоху зимистони солхои 2024-2025 изхори нигарони карданд.
Асосгузори сулху Вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон рузи 11 апрели соли 2025 зимни суханрониашон дар ичлосии нахустини Мачлиси милии МО ЧТ дар бораи назорати истифодаи сарфакоронаи барк, кам кардани талафоти он, чамоварии маблаги барки истифодашуда ва пешгирии хама гуна зухуроти номатлуб дар ин чода такид карданд.
Аз ин ру, Рохбари давлат пешниход карданд, ки барои истифодаи гайриконунии неруи барк ва напардохтани маблаги он чавобгарии чинояти муайян карда шавад.
Ба Кодексхои чинояти ва мамурй вобаста ба истифодаи барк тагйиру иловахо ворида карда шуданд (аз 15.04.с.2025).
Рохбари давлат такид карданд, ки талаботи нав бояд ба мардум хуб фахмонида шавад, то ки бохабар бошанд ва риоя кунанд, худро ба мушкилилихои нав, аз чумла чавобгарии чинояти дучор насозанд.
Тибки тағйиру иловахои нав ба Кодекси чиноятӣ воридгардида барои вайрон кардани коида ва меъёрхои истифодаи кувваи барк
чавобгарии чинояти пешбинй карда шудааст.
Моддаи 253 иловаи 1 КҶ ҶТ:
Вайрон кардани коида ва меъёрхои истифодаи қувваи барк
- Аз берун дахолат намудан ба тачхизоти хисоби барки ва тагйир додани нишондоди он бо максади насупоридани маблаги
истифодаи кувваи барк, инчунин истифодаи кувваи барк бе пайвасткуни ба тачхизоти хисоби барки, агар чунин кирдор дар
давоми як соли пас аз татбики чазои мамурй содир шуда бошад:
— бо чарима ба андозаи аз 365 н/б/х (27375 сомонй) то 547 н/б/х (41025 сомонй) ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати 3 (се) сол чазо дода мешавад.
- Хамин кирдор, агар: а) ба микдори калон; б) аз чониби шахс бо истифода аз макоми хизмати; в) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки содир шуда бошад:
— бо чарима ба андозаи аз 800 н/б/х (60000 сомонй) то 1200 н/б/х (90000 сомонй) ё махрум сохтан аз озодӣ ба мухлати аз 3 (се) то 6 (шаш) сол бо махрум кардан аз хукуки ишғоли мансабҳои муайян ё маштул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то 3 сол чазо дода мешавад.
- Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар:
а) ба микдори махсусан калон;
б) аз чониби гурухи муташаккил, иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти) содир шуда бошад;
— бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз 6 (шаш) то 10 (дах) сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё маштул
шудан ба фаболияти муайян ба мухлати то 5 сол чазо таин карда мешавад.
Хамзамон, дар ин бобат ба Кодекси хукуквайронкунии маъмурӣ низ тағйирот ворид карда шуданд.
Моддаи 382. Риоя накардани қоидахои истифодаи кувваи барк ва гарми
- Барои истифодаи кувваи барк бе пайвасткуни ба тачхизоти хисоби барки, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакахо
ва дастгоххои таминоти барк, истифодаи кувваи барк ва гармй бе асбобхои зарурии назорати ва бахисобгири ё бе шартнома бо ташкилотхои таминоти кувваи барк ва гармй, кандан ва шикастани полмбахои мукарраршудаи асбобхои андозагири, инчунин аз берун дахолат намудан ба тачхизоти хисоби барки ва тагйир додани нишондоди он бо максади насупоридани маблаги истифодаи кувваи барк, хангоми набудани аломатхои таркиби чиноят,-
— ба шахсони вокей — ба андозаи аз 20 н/б/х (1500 сомонӣ) то 30 н/б/х (22500 сомонӣ);
— ба шахсони мансабдор — ба андозаи аз 30 н/б/х (2250 сомонӣ) то 50 н/б/х (3750 сомонӣ);
— ба шахсони хукукӣ — ба андозаи аз 200 н/б/х (15000 сомонӣ) то 300 н/б/x (22500 сомонӣ) ҷарима таин карда мешавад.
Айни замон доир ба татбики амалии нишондодхои нави конунгузорй оид ба мукаррар намудани чавобгарии чинояти барои истифодаи гайриконунии неруи барк ва напардохтани маблаги он.
Барои муайян намудан ва ба чавобгарии чинояти кашидани вайронкунандагони тартиботи нави мукарраргардида санҷишҳои дахлдор васеъ ба роҳ монда шудаанд. Минбаъд барои истифодаи гайриконунии неруи барк ва напардохтани маблагичавобгарй пурзур карда шудааст, аз чумла чавобгарии чинояти то махрум намудан аз озоди ба мухлати то 10 сол мукаррар гардидааст.