Санаи 20 июни соли 2025 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ба суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварданд ва аз фаъолияти кории суди ноҳия шиносои пайдо намуда судяҳо ва кормандони дастгоҳи судиро барои риояи принсипҳои адолати судӣ, тақвияти масъулияти касбӣ ва риояи дақиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, инчунин саривақт ва холисона баррасӣ намудани парвандаҳо вазифагузорӣ намуданд.