Дар шароити муосир, ҷиҳати рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ талабот ба манбаҳои энергетикӣ, бахусус энергияи барқӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, масъалаи сарфа намудани қувваи барқ аҳамияти бузург пайдо кардааст.
Истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва зимнан мубориза бурдан ба истифодаи ғайриқонунии он аз масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодӣ дар марҳилаи муосири рушди кишварамон маҳсуб меёбад.
Истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ яке аз мушкилоти ҷиддӣ буда, на фақат ба иқтисоди миллӣ зарар мерасонад, балки боиси халалдор гардидани таъминоти мунтазами барқ мебошад.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 марти соли 2025 баргузор шуд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он изҳори нигаронӣ намуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
15 апрели соли ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.
Тибқи он моддаи 382 Кодекси мазкур дар таҳрири нав ифода гардида, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, ҷавобгарии маъмуриро ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муайян намудааст.
Ҳамзамон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо, аз ҷумла моддаи 253 иловаи 1 ворид карда шуд.
Моддаи 253 иловаи 1 барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ кардааст.
Яъне аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, — бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, ки ҳамин кирдор, агар: ба миқдори калон; аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ва аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, — бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Дар қисми 3 моддаи 253 иловаи 1 омадаст, ки кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар ба миқдори махсусан калон; аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, — бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Бинобар ин шаҳрвандонро мебояд, ки ба истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ даст назада, ба вайронкунии меъёрҳои қонун роҳ надиҳанд. Зеро ин амалҳои номатлуб боиси ҷавобгарӣ дар назди қонун мебошанд.
К.Мавлонзода,
Судяи суди ноҳияи
Ҷаббор Расулов