Маҷлиси кории Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов

14 апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси ҳафтаина бо иштироки Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов Бурҳониён М., муовини раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.

Дар маҷлис масъалаҳои муҳими корӣ, аз ҷумла риояи интизоми меҳнат, сари вақт пешниҳод намудани парвандаҳо ва қарорҳои судӣ, инчунин баррасии пурра ва дақиқи онҳо, мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми маҷлис, ҳамаи кормандон ба иҷрои масъулиятноки вазифаҳои худ даъват намуда, зарурати тақвияти назорат дар ҳама сатҳҳо таъкид карда шуд.