Боиси хушнудӣ ва шарафмандист, ки 6-уми ноябри соли 2024 мардуми сарбаланди Тоҷикистон 30-юмин солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро дар фазои сулҳу субот ҷашн мегиранд. Воқеан, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуда, дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари қабули Конститутсияи замони истиқлол, озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, ва унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд.
Махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон иброз дошта буданд, ки “6-уми ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Констутсияи нав яке аз аввалин қадамҳои тақдирсози кишвари мо дар роҳи ислоҳоти сиёсӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ гардид”.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси беҳтарин дастовардҳои таърихи конститутсионализми мамолики мутараққӣ, таҷрибаи байналмилалии инкишофи демократия ва падидаҳои он, принсипҳои умумии байналмилалӣ ва консепсияи ҳуқуқи фитрӣ, сохти муосир ва созгор ба ҷаҳони воқеии муосир инъикос гардиданд. Ин имкон фароҳам сохт, ки ин санади олии таърихиву сиёсӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ сазовор арзёбӣ ва ба қатори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон ворид гардид.
Мо бояд бо Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли хеш ифтихор дошта бошем, зеро он заминаҳои боэътимоди ҳуқуқиву ташкилии дурнамои пешрафти низоми сиёсиву иқтисодӣ ва шакли давлатдориро муайян карда бо назардошти анъана, таммаддун ва урфу оини таърихии давлатдории миллӣ, дастовард ва таҷрибаи қонунгузории давлатҳои мутаммаддини хориҷӣ ва ҳамчунин воқеияти низоми ҳуқуқии кишвар таҳия, муҳокима ва қабул шудааст.
Ҳамин тариқ, риояи Конститутсия ва такмили он дар роҳи таҳкими низоми ҳуқуқӣ, ҷомеаи демократӣ на танҳо муҳим, балки зарур мебошад.
Котиби маҷлиси судии
Суди н.Ҷ.Расулов
Амонов А.С.