Иштироки Раиси суд, муовини Раиси суд ва судяҳои суди ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Ҷамбасти фаъолияти ҳокимияти судӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 ба тариқи маҷозӣ (онлайн).

Санаи 09 июли соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Раёсати Суди Олӣ оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷамбаст гардид, ки дар он Раиси суд, муовини Раиси суд ва судяҳои суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ба тариқи маҷозӣ (онлайн) иштирок намуданд.