ФУТБОЛ – ОМИЛИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА ТАЪМИНИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ

Санаи 25 майи соли 2025 мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол барои дарёфти “Ҷоми Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов” ҷамъбаст гардида, дар он дастаи Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойи дуюмро ишғол намуд ва аз ҷониби Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Олимбек Юлдошзода бо медал ва мукофотпулӣ ба андозаи 3000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.