ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ ВА БЕНАЗИР

 Ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ

 

Таърих гувоҳ аст, ки ҳанӯз аз даврони куҳан аксар бадхоҳони миллати тоҷик қасду кӯшишҳои теша ба решаи миллии мо заданро доштанд. Аз ҷумла, ҳеч гоҳе наметавон истилои мақдуниёнро бо сардории Искандар, истилои муғулу дигар аҷнабиёни кӯчманчиро аз хотираи таърих фаромӯш кард. Миллати тоҷик бо сарварии фарзандони бономусаш Деваштичу Муқаннаъ, Спитамену Темурмалику Восеъи каҳрамон барои истиқлолият ва озодӣ шуҷоатмандиву каҳрамониҳо нишон додаанд. Аз ин рӯ, моҳияти Ваҳдат дар радифи вожаҳои Модар-Ватан ва Сулҳ барои мардуми мо, ки тӯли солҳои тӯлонӣ аз дасти аҷнабиён ҷабру зулми беандоза дидааст, ниҳоят муқаддас мебошад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки бо қабул шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон сулҳу суботи саросарӣ дар кишварамон фароҳам омада, корҳои созандагиву бунёдкориҳо дар сарзамини аҷдодиамон оғоз гардид.
Президенти ҷумҳурӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2007 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат» назари хешро чунин иброз намуда буд. «Имрӯз сад шукри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ, ки Тоҷикистони азизи мо дар марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозаргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст».
То ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, дар доираи музокироти байни тоҷикон, ки зиёда аз  севуним сол идома ёфтааст, бештар аз бист вохӯриҳои расмӣ байни ҳайати ҳукуматӣ ва намояндагони мухолифини тоҷик баргузор гардид. Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафт вохӯрӣ бевосита иштирок намуда, бо роҳбарони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик масъалаҳои мухталифи вобаста ба Созишномаи сулҳро муҳокима намудааст. Аслан, Созишномаи мазкур намунаи санади ҳуқуқие мебошад, ки ба зиммаи тарафҳояш ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мушаххасро вогузор намудааст. Танҳо дар сурати иҷрои қатъии ӯҳдадориҳои тарафайн мақсадҳои аслии Созишномаи сулҳ амалӣ шуда метавонистанд.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳалли масъалаҳои зеринро пешбинӣ мекард: озод кардани ҳамаи асирон мутобиқи қарордоди умум, озод намудани маҳбусон мутобиқи Қонуни авф, ба намояндагони Иттиҳоди мухолифини тоҷик вобаста намудани 30% мансабҳо, гузаронидани райъпурсӣ дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бардоштани манъ ва маҳдудияти фаъолияти ҳизбҳо ва ҳаракатҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик, пешниҳоди лоиҳаи нави қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва интихоби нави парламенти кишвар – Маҷлиси Олӣ.
Бо мақсади амалӣ намудани талаботи низоми Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, 4 июли соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармон дар бораи таъсиси Комиссияи оштии миллиро имзо намуд, ки ба ҳайати он 26 нафар намояндагони ҳукуматӣ ва  мухолифин шомил буданд. Дар маҷлиси аввалини Комиссияи оштии миллӣ, ки моҳи июли соли 1997 дар шаҳри Москва баргузор гардид, санади ҳамдигарбахшӣ ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шуда, моҳи августи ҳамон сол аз тарафи парламенти мамлакат қабул гардид. То қабули Қонуни мазкур дар ҷараёни музокирот даҳҳо асноди ҳуқуқӣ ба имзо расида буданд, ки ҳар яке аз онҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои ниҳоии Созишномаи умумӣ вобаста ба барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон нақши муайян бозидаанд. Маҳз дар асоси Қонуни мазкур иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва низомӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардида, парвандаҳои ҷиноятии оғозгардида ва дигар маводи таъқибӣ доир ба онҳо қатъ карда шуданд.
Як масъаларо хотирнишон бояд кард, ки тибқи Қонуни зикршуда на ҳамаи иштирокчиёни муқовимати сиёсиву низомӣ авф карда мешуданд ва  оид ба ин масъала мавқеи ҳарду тараф якхела буд. Дигар ин, ки бо дарназардошти аҳамияти масъалаҳои ҳуқуқӣ дар музокироти байни тоҷикон дар сохтори Комиссияи оштии миллӣ бахши махсус – зеркомиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъсис дода шуд, ки чунин вазифаҳо-таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати назорати амалигардонии Қонуни авф ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, муайян намудани рӯйхати шахсоне, ки аз ҳар ду тараф авф карда мешуданд, фаҳмонидани мазмун ва мундариҷаи Қонуни авф ва бо ин мақсад гузаронидани семинар-машваратҳо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо, баромадҳо тавассути телевизион, радио ва дигар воситаҳои иттилоот, инчунин ташкили вохӯриҳо бо аҳолии шаҳру ноҳияҳои кишвар, қабули шаҳрвандон доир ба масъалаҳои ҳуқуқиро ба зимма дошт. Ҳамчунин ҳалли яке аз масъалаҳои муҳими дар Созишномаи умумӣ пешбинигардида – таҳия ва пешниҳоди таклифҳо вобаста ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба салоҳияти зеркомиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ вогузор гардида буд.
Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия пешниҳодшуда чунин масъалаҳо — таъсиси Парламенти касбии дупалатагӣ, тартиби нави интихоботи Президент, Парламент ва маҷлисҳои маҳаллӣ, мӯҳлати ваколати онҳо, салоҳияти Президен,; такмили низоми судиву ҳуқуқии Тоҷикистонро дар бар мегирифт, ин пешниҳодот аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул донисташуда, дар ин замина тавассути Парламенти кишвар ба райпурсии умумихалқӣ гузошта шуданд.
Дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сақонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, ҳамзамон интихоботи Президенти мамлакат дар шароити сифатан нав баргузор гардид. Сипас, мувофиқи низоми муосири интихобот дар моҳи феврали соли 2000 Парламенти нави касбӣ интихоб гардида, ба фаъолият шурӯъ намуд.
Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки дар доираи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор дошт, масъалаи таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини мустақилияти судяҳо ва беҳдошти вазъи таъминоти моддиву техникии ин мақомот буд. Бо ин мақсад, оид ба таъсис додани сохтори алоҳида дар шакли Шӯрои адлия пешниҳод ба миён омад, ки дар ҳайати он мебоист намояндагони ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ шомил бошанд.
Бо Фармони Президенти мамлакат 14 декабри соли 1999 Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин мақом доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани мавқеи судҳо дар ҷомеа ва идома додани ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар мамлакат фаъолият карда истодааст.
Бо мақсади амалан татбиқшавии талаботҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, дар ҳамин замина ҳокимияти судӣ дар сатҳи конститутсионӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, аз тобеияти ҳокимияти иҷроия бароварда шуд. Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон ҳокимияти мустақил ва пурқуввати судӣ, ки тақозои замон буд, таъсис дода шуд.
Бояд зикр намуд, ки ба ҳамин тартиб, ҳамаи масъалаҳои ҳуқуқие, ки дар музокиротҳо ба миён гузошта мешуданд, дар маҷмӯъ ҳаллу фасли худро ёфтанд, ки агар холисона сухан гӯем, дар ҳалли монеаву муаммоҳо ва масъалаҳои ҳуқуқии ин раванди муҳим, нақши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад.
Чӣ тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ қайд кардаанд, «Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати кӯҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ лозим шуморад».
Мо, кормандону хизматчиёни давлатӣ суханронҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба гиромидошти Ватани азизу арзишҳои Ваҳдати миллӣ дастури ҳамешагии фаъолияти худ қарор хоҳем дод.

Маъруфҷон БУРҲОНИЁН
Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов