ҚАДРДОНӢ БА “ИФТИХОРНОМА”

3 сентябри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими тантанавии МИҲД вилоят баргузор гардид.

Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 08 августи соли 2025, таҳти №201 Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов Маъруфҷон Бурҳониён дар қатори дигар хизматчиёни давлатӣ ва фаъолони вилоят барои хизмати тӯлонӣ ва саҳми арзанда дар густариши фаъолияти мақомоти судӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Ифтихорнома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуд.